Муқаррарот ва шартҳои умумӣ

 

1. Муқарраротҳои умумӣ

Қоидаҳои мазкур тартиби пешниҳоди маълумот дар веб-сомонаи SADBARG ва истифодаи сомонаро аз ҷониби Истифодабаранда муайян мекунанд.

Тариқи истифодаи веб-сомонаи мазкур, Истифодабаранда бо муқарраротҳои дар поён зикршуда бо таври автоматӣ розӣ мешавад. Дар ҳолати норозӣ будани Истифодабаранда бо қоидаи истифодабарӣ, Маъмур ба ӯ қатъиян тавсия медиҳад, ки аз истифодабарии веб-сомонаи мазкур даст кашад.

Маъмур ҳуқуқи ворид кардани тағйироту иловаҳоро ба Қоидаҳои истифодабарии веб-сомона ва нав кардани мӯҳтавои онро дар дилхоҳ вақт бе огоҳии пешакии Истифодабаранда, бо худ нигоҳ медорад. Қоидаҳои истифодабарии навкардашуда аз лаҳзаи ҷойгиршавӣ дар веб-сомонаи SADBARG  ба қувва даромада ҳисобида мешаванд.

Азбаски истифодабарандагон ба веб-сомонаи SADBARG  дар сервере, ки дар Ҷумҳурии Фаронса воқеъ аст, дастрасӣ меёбанд, маълумот дар Фаронса пешниҳодшуда ҳисобида мешавад ва бо қонунгузории дар Фаронса амалкунанда ба танзим дароварда мешавад.

2. Маълумоти ҳуқуқӣ

Веб-сомонаи мазкур дар суроғаи зерин ҷойгир шудааст: la société OVH, dont le siège social est 2 rue Kellermann, BP 80157, 59100 Roubaix ФАРОНСА. Он ба моликияти ширкати SADBARG SAS таалуқ дорад, суроғаи ҳуқуқиаш: SADBARG SAS 10 rue de Penthièvre 75008 ш. Париж, ФАРОНСА. Ширкати SADBARG SAS Маъмури веб-сомона мебошад.

3. Қоидаҳои истифодабарии маводҳо

Веб-сомонаи SADBARG мустасно барои истифодабарии шахсӣ ва ғайритиҷоратӣ таъйин гаштааст. Веб-сомонаи SADBARG ва маводҳои дар он ҷойгиршуда барои истифодабарӣ танҳо бо мақсадҳои ахборотӣ интишор мешаванд. Ҷойгиркунии маводҳо дар веб-сомонаи SADBARG ва дастрас намудани онҳо барои Истифодабарандагон ягон ӯҳдадориро ё масъулиятро барои Маъмур ба вуҷуд намеорад.

Ҷойгиркунии маълумот дар веб-сомонаи SADBARG набояд ҳамчун машварат ё тавсия шарҳ дода шавад. Ҳангоми қабули қарор ё ин ки анҷом додани амалҳо ба маълумоте, ки дар веб-сомонаи SADBARG оварда шудааст, набояд такя намуд.

Веб-сомонаи SADBARG ва дилхоҳ маълумоти дар он ҷойгиршуда метавонанд аз тарафи Маъмур бе огоҳ намудани Истифодабаранда тағйир дода шаванд.

4. Моликияти зеҳнӣ

Маводҳои сомонаи SADBARG (базаи маълумотҳо, графика, таъминоти барномавӣ, тасвир, маълумотномаҳои ҳуқуқӣ ва ғайра) моликияти зеҳнии Маъмур мебошад.

Бе иҷозати Маъмур дилхоҳ истифода, нусхабардорӣ, намоишдиҳӣ, айнан такрор кардан ва паҳнкунии маводҳое, ки дар сомонаи SADBARG интишор шудаанд ё ин ки ворид кардани дилхоҳ тағйирот, вайронкунии қонун ҳисобида мешавад (қонуни L. 335-2 ва дигар муқарраротҳои кодекси франсавии моликияти зеҳнӣ).      

5. Масъулият ва форс-мажор

Новобаста аз он, ки веб-сомонаи SADBARG мунтазам нав карда мешавад, маълумоти дар он интишоршуда метавонад кӯҳна шавад. Маъмур масъулиятро барои мунтазам нав кардани маълумот дар веб-сомонаи  SADBARG ба зимма надорад. Ҳамаи маълумоти дар веб-сомонаи SADBARG пешниҳодшуда бояд ҳамчун ба ҳолати санаи интишор эътиборнок дарк карда шавад.

Маъмур барои маводҳои табиаташон рекламавӣ, ки метавонанд дар веб-сомонаи SADBARG интишор мешаванд, масъулият ба зимма надорад ва тасвиб баён наменамояд. Бо додани ризоият ба интишори маводҳои табиаташон рекламавӣ, Маъмур розигиро бо мӯҳтавои чунин маводҳо изҳор наменамояд.

Маъмур ба зиммаи худ ягон ӯҳдадориро дар робита бо дастрасӣ, истифода ё имконнопазир гаштани истифодаи веб-сомонаи SADBARG, намегирад. Дилхоҳ қатъи амалкунии веб-сомона, ки бо ҳолатҳои форс-мажор алоқаманд аст, барои Маъмури веб-сомонаи SADBARG ҷавобгариро ба вуҷуд намеорад.

6. Муқарраротҳои дигар

Бо саволҳои марбут ба вайронкунии ҳуқуқҳои муаллифи Маъмур ё истифодаи ғайриқонунии маводҳо, хоҳишмандем ба суроғаи зерин барои тамос муроҷиат намоед: SADBARG SAS 10 rue de Penthièvre 75008 Paris FRANCE.